Ба мундариҷа гузаред
Jurat
Рӯйдодҳо

Майдончаи варзишӣ дар деҳаи Шпади ноҳияи Рӯшон

Тирамоҳи соли 2019 дар деҳаи Шпади ноҳияи Рӯшон майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Он бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуд.

Пешвози меҳмонон бо нон дар ифтитоҳи майдончаи варзишии Шпад

Тирамоҳи соли 2019 дар деҳаи Шпади ноҳияи Рӯшон майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд. Он бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия сохта шуд.

Ташаббускори сохтмон — ТҶ «Ҷуръат» ба кор доираи васеи ҷавонони маҳаллиро ҷалб намуд, ки чанд сол боз ба татбиқи ин лоиҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекарданд. Дар муддати нисбатан кӯтоҳ ҳамаи корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд: таҳкурсӣ гузошта шуд, дар канори роҳи мошингард девори муҳофизатии сангин бунёд гардид ва дар тарафи шимолӣ барои тамошобинон минбар сохта шуд.

Дар марҳилаи ниҳоӣ тӯри муҳофизатӣ насб карда шуд, ҳама ҷо ранг карда шуд ва ҷойҳо барои бозиҳои варзишӣ ҷудо гардиданд.

Дар корҳои ташкилӣ ва амалӣ кормандони ТҶ «Ҷуръат» ва ихтиёриёни он фаъолона ширкат варзиданд. Масалан, маҳз онҳо корҳои кафшеркуниро бо диққати махсус иҷро карданд, то майдонча боэътимод ва бехатар бошад.

Дар рӯзи ифтитоҳи майдончаи варзишӣ шодии сокинони Шпад ҳадду канор надошт. Ба ин ҷашн муовини якуми раиси ВМКБ, раиси ноҳия, намояндагони ҷомеа ва албатта сокинони Шпад — аз хурд то калон омада буданд. Онҳо шодии худро бо суруду рақс ифода карда, маҳсулоти ҳунарҳои мардумиро намоиш доданд. Ҷашн бо вохӯрии дӯстонаи волейболбозони Шпад ва ҳамсолони онҳо аз деҳаи Деҳ анҷом ёфт.

Ҳамаи нашрияҳо