Ба мундариҷа гузаред
Jurat
Рӯйдодҳо

Бошгоҳи футболи «Рӯшон» — барандаи Ҷоми Лигаи футболи Бадахшон–2025!

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат», ҳамчун шарики иҷтимоии боэътимод, ташаббусҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ба рушди ҷавонон ва варзиш дар минтақаҳо равона шудаанд.

Дастаи ФК «Рӯшон» бо ҷоми Лигаи Бадахшон–2025

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат», ҳамчун шарики иҷтимоии боэътимод, ташаббусҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ба рушди ҷавонон ва варзиш дар минтақаҳо равона шудаанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин дастгирӣ — ҳамкории созанда бо бошгоҳ (клуб)-и футболи «Рӯшон» мебошад, ки имсол номи худро дар таърихи варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сабт намуд.

Бори аввал дар таърихи ВМКБ лигаи минтақавии футбол баргузор гардид, ки беҳтарин дастаҳои минтақа дар он ширкат варзиданд. Маҳз ФК «Рӯшон» ғолиби ин мусобиқаи бонуфуз гардид ва дар бозии ҳалкунанда бо дастаи «Хоруғ Сити» бо ҳисоби 2:1 пирӯзиро ба даст овард.

Дастаи ФК «Рӯшон» дар назди тамошобинони варзишгоҳ
Бозигарони ФК «Рӯшон» бо медалҳо пас аз финал
Футболбозони ФК «Рӯшон» бо ҷоми Лигаи Бадахшон дар варзишгоҳ
Ду бозигари ФК «Рӯшон» бо ҷом дар майдон

Ин вохӯрӣ ба муҳорибаи ҳақиқии футбол табдил ёфт — пур аз эҳсосот, устуворӣ ва боварӣ ба пирӯзӣ то лаҳзаи охирин. Бозингарони «Рӯшон» рӯҳи даставӣ, истодагарӣ ва ҷасоратро нишон дода, исбот намуданд, ки пирӯзиҳои ҳақиқӣ на танҳо дар майдон, балки дар дилҳои онҳое ба вуҷуд меоянд, ки ба кори худ эътимод доранд.

Ташкилоти «Ҷуръат» ифтихор аз он дорад, ки сарпарасти расмии бошгоҳи футболи «Рӯшон» мебошад ва ҷавонони варзишдӯстро, ки барои муваффақият талош доранд, дастгирӣ мекунад. Зеро варзиш — ин на танҳо бозӣ, балки мактаби ахлоқ, ирода ва ваҳдат аст.

Пирӯзии ФК «Рӯшон» дар Лигаи Бадахшони соли 2025 намунаи илҳомбахш барои тамоми ҷавонони минтақа мебошад: вақте ки ҳадаф, ҳамдастӣ ва боварӣ вуҷуд доранд — ғайриимкон имконпазир мегардад.

Ҳамаи нашрияҳо
  • Акси умумии иштирокчиёни сессияи стратегии «Ҷуръат» дар назди парчам
    Рӯйдодҳо

    Дидгоҳи воҳид. Масири муштарак: Сессияи стратегии «Ҷуръат» чӣ гуна гузашт

    Рӯзи 22-юми декабр сессияи стратегии ташкилоти «Ҷуръат» баргузор гардид, ки ҳайати роҳбарикунандаи пешқадамро аз минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳам овард. Дар ин чорабинӣ кормандон аз шаҳри Душанбе, Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.

    Мақоларо хондан: Дидгоҳи воҳид. Масири муштарак: Сессияи стратегии «Ҷуръат» чӣ гуна гузашт
  • Слайд бо харитаи Тоҷикистон ва вилояти Хатлон
    Рӯйдодҳо

    «Ҷуръат» фаъолияти худро дар вилояти Хатлон шурӯъ менамояд

    Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» оғози кори худ дар вилояти Хатлонро эълон мекунади. Дар наздиктарин замон кушоиши курсҳои таълимӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои мухталифи минтақа ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо шунавандагон метавонанд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шаванд.

    Мақоларо хондан: «Ҷуръат» фаъолияти худро дар вилояти Хатлон шурӯъ менамояд
  • Слайд бо парчами Тоҷикистон: «Ҷуръат» — ташкилоти ҷумҳуриявӣ
    Рӯйдодҳо

    Мо инкишоф меёбем. Акнун ташкилоти ҷумҳуриявӣ ҳастем.

    Замоне ҳамааш аз командаи хурди одамоне ки дар атрофи як идея — тағйир додани воқеияти атрофи худ тавассути кор, таълим ва бовар ба имконият муттаҳид шуда буданд, сар шуда буд. Мо роҳи осон намеҷустем, аз паси натиҷаи фаврӣ намедавидем.

    Мақоларо хондан: Мо инкишоф меёбем. Акнун ташкилоти ҷумҳуриявӣ ҳастем.