Ба мундариҷа гузаред
Jurat
Маориф

Маориф — самти асосии фаъолияти «Ҷуръат» дар ВМКБ

Самти асосии фаъолияти ТҶ «Ҷуръат» иштирок дар рушди соҳаи маорифи ВМКБ ва гузоштани саҳми арзанда дар он мебошад.

Кӯдакон дар ҳавлии мактаб расм мекашанд

Самти асосии фаъолияти ТҶ «Ҷуръат» иштирок дар рушди соҳаи маорифи ВМКБ ва гузоштани саҳми арзанда дар он мебошад.

Ташкилот ба заминаи дар тӯли солҳо гузошташуда ва таҷрибаи андӯхтаи кори таълиму тарбия такя карда, рушди низомро тавассути ҷорӣ ва самаранок истифода бурдани шаклу усулҳои нави таълим афзалиятнок медонад, ки имкон медиҳанд дар доираи меъёрҳои қолабии аз боло муқарраргардидаи барномаҳо маҳдуд намонем.

Кӯдакон бо қаҳрамонони мултфилм дар ҷашни таълимӣ рақс мекунанд

ТҶ «Ҷуръат» ҳадафи асосии худро дар баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон то дараҷаи талаботи муосир мебинад. Ин имкониятҳои рушди минбаъдаи онҳоро васеъ мекунад: омодагӣ ба дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии бонуфузи хориҷи наздику дур, фаъолияти пурсамари меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани ниёзҳои маънавӣ.

Аз соли 2016 ташкилоти мо дар самтҳои зерин фаъолият мекунад:

  • омӯзиши забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама забонҳои англисӣ ва русӣ;

  • омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, дар навбати аввал риёзиёт;

  • аз худ кардани асосҳои саводнокии молиявӣ;

  • омӯзиши малакаи кор бо техникаи муосири компютерӣ.

Бо вуҷуди душвориҳову монеаҳо, дар давраи фаъолияти худ ТҶ «Ҷуръат» курсҳои омӯзиши амиқи забони англисиро ташкил кард.

Агар соли 2016 ҳамагӣ як гурӯҳи 17-нафарии шунавандагон ташкил шуда, машғулиятҳо дар хонаи шахсӣ мегузаштанд, имрӯз аллакай 54 гурӯҳ бо 2144 шунаванда фаъолият мекунанд — на танҳо дар ноҳияи Рӯшон, балки дар ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ ва Шуғнон низ.

Яке аз меъёрҳои муҳимтарини фаъолияти ташкилот таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва бо кор таъмин намудани мутахассисони бекор мебошад. Ҳоло дар назди мо 56 омӯзгори баландихтисос кор мекунанд, ки 48 нафари онҳо занон мебошанд.

Барои ба роҳ мондани бомуваффақияти раванди таълим ТҶ «Ҷуръат» бо мақомоти маҳаллии ҳокимият, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, соҳибкорон ва дигар шарикон робитаҳои судманди тарафайн барқарор кардааст. Ҳамкорӣ бо Мактаби таҳсилоти касбӣ ва иловагии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои зиёди рушди таълимии шунавандагони мо ҷойгоҳи махсус дорад.

Ҳамаи нашрияҳо