Биноҳои иловагӣ барои шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон
Соли 2018 ТҶ «Ҷуръат» ба дархости табибони шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон дар бораи сохтани биноҳои иловагӣ барои кормандони тиббӣ ва қабули аёдаткунандагон бо фаҳмиш муносибат кард.

Соли 2018 ТҶ «Ҷуръат» ба дархости табибони шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон дар бораи сохтани биноҳои иловагӣ барои кормандони тиббӣ ва қабули аёдаткунандагон бо фаҳмиш муносибат кард. Дархост асоснок буд: имкониятҳои шуъба барои беҳтар намудани сифати табобати беморон маҳдуд буданд, аёдаткунандагон, хешу табор ва наздикони беморон бошанд, аксар вақт ҳам дар гармо ва ҳам дар хунукӣ соатҳои дароз дар ҳавлии шуъба меистоданд.
Ба сохтмон ихтиёриёни дорои малакаи зарурии дуредгарӣ, наҷҷорӣ, рангубор ва бомпӯшӣ аз деҳаҳои Вамд, Дерзуд-Барзуд, Вамар, Шуҷанд ва Емтс ҷалб карда шуданд. Дар муддати кӯтоҳ деворҳо бунёд ва андова карда шуданд, корҳои ороишӣ, васлкунӣ ва пӯшонидани бом низ сари вақт ба анҷом расиданд.
Биноҳои нав бо мебел, зарфҳо, телевизор ва китобҳо таъмин гардиданд.
Дар маросими ба истифода додани иншоот раиси ноҳия баромад карда, ба роҳбарияти ТҶ «Ҷуръат», сохтмончиён, ихтиёриён ва соҳибкорони маҳаллӣ барои саҳми пурсамарашон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоии ноҳия изҳори миннатдорӣ кард.


