Ба мундариҷа гузаред
Jurat
Панели идоракунии eKhonish бо омори мактабҳо дар экрани интерактивӣ
Ба кор андохта шуд

e-Khonish

Платформаи рақамие, ки мактаб, омӯзгорон, волидон ва хонандагонро дар як фазои ягонаи таълимӣ муттаҳид мекунад. Он аллакай дар мактабҳои вилояти Хатлон ҷорӣ мешавад ва миқёсаш васеъ шуда истодааст.

Сомона

ekhonish.tj

Дар бораи лоиҳа

е-Хониш платформаи миллии таълимии Тоҷикистон аст, ки дар он хонандагон, омӯзгорон ва волидон дар як фазои рақамӣ фаъолият мекунанд. Дар платформа дарсҳо аз рӯйи фанҳои барномаи мактабӣ, супоришҳои интерактивӣ, тестҳо ва журнали электронӣ ҷамъ оварда шудаанд.

Омӯзгорон дарсҳоро омода месозанд ва корҳои хонандагонро онлайн месанҷанд, мактабҳо ва шуъбаҳои маориф бошанд, ҳисоботи ҷамъбастиро бидуни шаклҳои коғазӣ ба даст меоранд. Мавод бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дастрас аст ва ҳам дар компютер, ҳам дар телефон кушода мешавад.

Платформа аллакай дар мактабҳои якчанд минтақаи кишвар истифода мешавад ва имкониятҳои он пайваста васеъ мегарданд: курсҳои нав, абзорҳои таҳлилӣ ва хизматрасониҳо барои кор бо волидон илова мешаванд.

Мушкилоте, ки ҳал мекунад

Дарсҳо, баҳоҳо ва ҳисобот дар мактабҳо асосан дар коғаз ва чатҳои пароканда пеш бурда мешаванд. Волидон аз пешрафти фарзанд дер огоҳ мешаванд, шуъбаҳои маориф бошанд, барои ҷамъоварии ҳисобот вақти зиёд сарф мекунанд.

Аудитория

  • Хонандагон
  • Омӯзгорон
  • Волидайн
  • Мактабҳо
  • Шуъбаҳои маориф

Имкониятҳои асосӣ

  • Дарсҳо аз рӯйи фанҳои барномаи мактабӣ
  • Супоришҳои интерактивӣ ва тестҳо
  • Журнали электронӣ ва санҷиши корҳо онлайн
  • Ҳисоботи ҷамъбастӣ барои мактабҳо ва шуъбаҳои маориф
  • Се забон, дар компютер ва телефон

Дастовардҳо

Платформа аллакай беш аз 16 500 корбари фаъол дар 567 муассисаи таълимии 25 минтақаи Тоҷикистон дорад.

Лоиҳаҳои мо

Аз платформаҳои рақамии таълимӣ то ташаббусҳои миллии технологӣ — мо ҳалҳое месозем, ки ба рушди маориф, хизматрасониҳои давлатӣ ва ҷомеа мусоидат мекунанд.

Панели идоракунии eKhonish бо омори мактабҳо дар экрани интерактивӣ
Ба кор андохта шуд

Платформаи рақамие, ки мактаб, омӯзгорон, волидон ва хонандагонро дар як фазои ягонаи таълимӣ муттаҳид мекунад. Он аллакай дар мактабҳои вилояти Хатлон ҷорӣ мешавад ва миқёсаш васеъ шуда истодааст.

Корбарони фаъол
16 500+
Муассисаҳои таълимӣ
567
Минтақаҳои Тоҷикистон
25

Маориф бе марз

Мо ҳалҳои рақамӣ месозем, ки донишро дастрастар, таҳсилро қулайтар ва маорифро ба ҳар як инсон, новобаста аз маҳалли зисташ, наздиктар мекунанд.

  • AI DOVUT

    Дар ҳоли таҳия

    Ёрдамчии зеҳнӣ, ки ба хонандагон ва омӯзгорон дар асоси барномаи таълимии мактабҳои Тоҷикистон ҷавобҳои фаҳмо медиҳад.

  • KhonishBOX

    Дар ҳоли таҳия

    Платформаи онлайн бо курсҳои амалӣ, ки барои гирифтани донишҳои серталаб ва малакаҳои касбӣ новобаста аз ҷои зист кӯмак мекунад.

  • eKhonish Hub

    Дар нақша

    Шабакаи фазоҳои муосири таълимӣ, ки технологияҳои рақамӣ, мураббиён ва мундариҷаи босифатро барои кӯдакони минтақаҳои гуногуни кишвар муттаҳид мекунад.

  • Pre-Khonish

    Дар ҳоли таҳия

    Барномае, ки ба кӯдакон тавассути таълими онлайн ва офлайн барои зудтар мутобиқ шудан ба муҳити нави забонӣ ва таълимӣ кӯмак мекунад.

Инфрасохтори рақамии дониш

Мо платформаҳое месозем, ки барои нигоҳдорӣ, паҳн кардан ва истифодаи дониш кӯмак мекунанд ва одамон, ташкилотҳо ва хизматрасониҳои рақамиро дар як экосистема муттаҳид месозанд.

  • Kitobdor

    Дар ҳоли таҳия

    Китобхонаи миллии рақамӣ, ки китобҳои электронӣ, аудиокитобҳо ва маводи таълимиро дар як платформа ҷамъ меорад.

  • ҲЭ

    Дар нақша

    Платформаи ҳуҷҷатгардиши электронӣ, ки ҳамкории ташкилотҳо ва муассисаҳои давлатиро осон мекунад.

  • Видеохостинг

    Дар нақша

    Платформа барои нигоҳдорӣ ва паҳн кардани мундариҷаи видеоии таълимӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ бо забони тоҷикӣ.

  • Телемост

    Дар нақша

    Хизматрасонии видеоконфронсҳо, ки барои гузаронидани таълим, вохӯриҳо ва кори муштарак бе маҳдудиятҳои ҳудудӣ кӯмак мекунад.

Боз як самти «Ҷуръат»

Ба кор андохта шуд

Мо одамонро бо роҳҳои гуногун рушд медиҳем.

Ҳар инсон худро бо роҳи худ кашф мекунад. Касе — тавассути таҳсил, касе — тавассути технология ва касе — дар майдони футбол. ФК «Рушан» қисми рисолати умумии мост, ки ба ҷавонон барои боэътимодтар, қавитар ва ба имкониятҳои нав омода шудан кӯмак мекунад.

Футболбозони ФК «Рӯшон» бо ҷоми Лигаи Бадахшон дар варзишгоҳ