Ба мундариҷа гузаред
Jurat
Маориф

«Ҷуръат» аз навсозии Китобхонаи ба номи Садриддин Айнӣро дар шаҳри Кӯлоб дастгирӣ мекунад

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи ҷамъиятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб пурра таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

Дарвозаи даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи ҷамъиятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб пурра таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.

Лоиҳа дар доираи Солҳои рушди фарҳанги китобхонӣ (2026–2030) бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҷуръат» амалӣ мегардад. Арзиши умумии корҳои таъмиру азнавсозӣ 4 миллион сомонӣ-ро ташкил медиҳад.

Дар айни замон дар бинои китобхона корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ идома дошта, анҷоми пурраи онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст. Иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад.

Пас аз анҷоми корҳои азнавсозӣ китобхона ба як фазои муосири фарҳангиву маърифатӣ ва таълимӣ табдил ёфта, барои сокинони шаҳри Кӯлоб имкониятҳои нави омӯзишу рушди маърифатро фароҳам меорад. Дар китобхона марказҳои таълимии бахшида ба осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин омӯзиши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъсис дода мешаванд. Ҳамзамон, китобхонаи электронӣ низ роҳандозӣ гардида, дастрасии хонандагонро ба захираҳои муосири таълимӣ ва иттилоотӣ васеъ мегардонад.
Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли ҷорӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба фонди китобхона 400 нусха китоб аз рӯйи соҳаҳои илм, адабиёт, таърих, фарҳанг ва педагогика, инчунин 10 адад ҷевони муосири китоб тақдим намуд.

Барои Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҷуръат» иштирок дар татбиқи ин лоиҳа идомаи фаъолияти доимӣ дар самти рушди соҳаи маориф, густариши дастрасӣ ба дониш ва дастгирии ташаббусҳое мебошад, ки ба таҳкими фарҳанги китобхонӣ, рушди инфрасохтори муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа равона шудаанд.

Ҳамаи нашрияҳо
  • Иштирокчиёни ифтитоҳи китобхонаи ба номи Шамсиддин Шоҳин дар зинапояҳо
    Маориф

    Ифтитоҳи китобхонаи таҷдидгардидаи ба номи Шамсиддин Шоҳин дар вилояти Хатлон

    Дар доираи татбиқи барномаи умумимиллии «Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст» ва дар робита ба эълон гардидани соли 2025 «Соли фарҳанги китобхонӣ», дар вилояти Хатлон маросими тантанавии ифтитоҳи китобхонаи таҷдидгардидаи ба номи Шамсиддин Шоҳин баргузор шуд.

    Мақоларо хондан: Ифтитоҳи китобхонаи таҷдидгардидаи ба номи Шамсиддин Шоҳин дар вилояти Хатлон
  • Коромӯзон бо шаҳодатномаҳо дар китобхона
    Маориф

    Анҷоми коромӯзӣ

    Таҷрибаомӯзони ТҶ «Ҷуръат» баъди фаъолияти пурсамар бо ҳамроҳии роҳнамоён ва даста таҷрибаомӯзиро бо муваффақият ба анҷом расонданд. Онҳо худро дар самтҳои гуногун санҷиданд: сохтани сомонаҳо, озмоиши сервисҳои зеҳни сунъӣ, автоматикунонии ҳисобот ва пур кардани пойгоҳи додаҳо.

    Мақоларо хондан: Анҷоми коромӯзӣ
  • Коромӯзони «Ҷуръат» бо плакатҳои лоиҳаҳояшон
    Маориф

    Коромӯзӣ

    ТҶ “Ҷуръат” бо иқдоми ба роҳ андохтани коромӯзии думоҳа, барои донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) уфуқҳои нав боз кард. Барнома чунон сохта шудааст, ки нафақат таҷриба, балки имконияти эҳсоси касб бо вазифаҳо, масъулият ва дастгирии мураббиён аз дарунро низ медиҳад.

    Мақоларо хондан: Коромӯзӣ