Рӯшон, 2018 — Соли 2018 Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» ба дархости табибони шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии ноҳияи Рӯшон бо масъулият ва фаҳмиши баланди иҷтимоӣ посух дод. Табибон хоҳиш карда буданд, ки барои кормандони тиб ва қабули меҳмонону хешовандони беморон биноҳои иловагӣ сохта шаванд. Ин дархост бо воқеияти муҳити шуъбаи реаниматсия асоснок буд, зеро имкониятҳои он барои беҳтар намудани шароити муолиҷаи беморон маҳдуд боқӣ монда буданд.
Мушкили дигар — набудани шароити муносиб барои хешовандони беморон буд, ки дар ҳама фасли сол — чи дар гармӣ ва чи дар сардӣ — маҷбур буданд соатҳои тӯлонӣ дар саҳни беморхона интизор шаванд.
Барои сохтмони бинои ёрирасон гурӯҳи ихтиёриён аз деҳаҳои Вамд, Дерзуд-Барзуд, Вамар, Шучанд ва Емц ҷалб карда шуданд, ки дар соҳахои чубкорӣ, бинокорӣ, рангу бор ва сохтмони бом таҷрибаи кофӣ доштанд. Дар муддати кӯтоҳ деворҳои бино хиштчинӣ ва гипс карда шуданд. Корҳои васлкунӣ, таъмир ва болопӯши бом низ сари вақт ба анҷом расиданд. Бинои сохташуда бо мебел, зарфҳо, телевизор ва китоб таъмин гардидааст.
Дар маросими расмии ифтитоҳи иншоот раиси ноҳияи Рӯшон суханронӣ намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳбарияти ТҶ «Ҷуръат», устоён, волонтёрон ва соҳибкорони маҳаллӣ барои саҳми арзандаашон дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ изҳори сипос намуд.