5-уми феврал барои низоми маорифи вилояти Хатлон ба санаи таърихӣ табдил ёфт. Дар доираи лоиҳаи азими e-Khonish дар шаҳри Бохтар раванди ба истифода додани низоми таълимии рақамии e-Khonish оғоз ёфт, ки ин марҳилаи нави рақамикунонии минтақаро ифода мекунад.
Аввалин озмоиши низом дар Литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар ва муассисаи таҳсилоти №2 баргузор шуд. Ин иқдом нуқтаи ибтидоии марҳила ба марҳила ҷорӣ намудани e-Khonish дар муассисаҳои таълимии шаҳр ва минбаъд — дар саросари вилояти Хатлон гардид.
Низом марҳила ба марҳила ҷорӣ карда мешавад. Ҳар як муассисаи таълимӣ пас аз пайваст шудан ба платформа аз давраи санҷишӣ ба муҳлати 30 рӯз мегузарад. Дар ин муддат танзими техникии система, навсозӣ ва санҷиши маълумот анҷом дода мешавад. Ҳамзамон ба омӯзгорон ва маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ёрии ҳамаҷонибаи техникӣ ва методӣ расонида мешавад.
Пас аз анҷоми давраи озмоишӣ муассисаҳои таълимӣ ба кори мустақилона дар формати пурраи рақамӣ мегузаранд.

Таҳкурсии дониш чӣ гуна бунёд гардид?
Дар давоми тамоми соли гузашта корҳои ҷиддӣ ва заҳматталаб анҷом дода шуданд: мо шабакаҳоро насб кардем, серверҳоро танзим намудем ва гурӯҳҳоро омӯзонидем. Инфрасохторе, ки соли 2025 бунёд шуда буд, ба ҳамон пояи ноаён, вале мустаҳкам табдил ёфт, ки имрӯз ба мо имкон дод, то тугмаи «Оғоз»-ро пахш намоем.
Рақамикунонӣ — ин иваз кардани китобҳои дарсӣ не, балки васеъ намудани имкониятҳо аст. Имрӯз 2008 хонанда ва 81 омӯзгор ба воситаҳои муосир: журналҳои электронӣ, захираҳои онлайнӣ ва низоми мониторинги сатҳи донишомӯзӣ дар вақти воқеӣ дастрасӣ пайдо карданд.
Овозҳои лоиҳа: Чаро ин муҳим аст?
Мо аз онҳое, ки ҳар рӯз аз ин низом истифода мебаранд, пурсидем, ки оғози лоиҳа барои онҳо чӣ аҳаммият дорад.
«Барои мо, роҳбарияти муассисаи таълимӣ, e-Khonish — ин шаффофият аст. Акнун ман метавонам бо як пахши тугма манзараи куллии сатҳи донишандӯзии муассисаи таълимиро бубинам. Ин ба мо имкон медиҳад, ки ба ниёзҳои хонандагон зудтар вокуниш нишон диҳем ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба омӯзгорон кумак расонем». — Директори яке аз муассисаҳои таълимӣ – шарики лоиҳа
«Дар аввал каме ҳаяҷон доштам, зеро навоварӣ ҳамеша боиси нигаронӣ мегардад. Аммо фикр мекунам, ки мо зуд одат мекунем. Муҳимтар аз ҳама, акнун мо метавонем вақти бештарро ба чизи асосӣ — дарсҳо ва муошират бо хонандагон бахшем». — Омӯзгори соҳибтаҷриба

Лоиҳаи e-Khonish барои волидон ва минтақа чӣ медиҳад?
Лоиҳаи e-Khonish дар вилояти Хатлон — ин қадамест ба сӯии он, ки таҳсилоти босифат барои ҳама, сарфи назар аз ҷойи истиқомат, дастрас бошад. Волидони шаҳри Бохтар акнун метавонанд хотирҷамъ бошанд: онҳо ҳамеша бо муассисаи таълимӣ «дар тамос» ҳастанд, давомот дар дарсҳо ва вазифаҳои хонагии фарзандони худро дар реҷаи онлайн мебинанд.
Имрӯз мо на танҳо ҷоришавии технологияҳо, балки муваффақияти инсонҳоеро ҷашн мегирем, ки ба истеъдод ва қобилияти кӯдакони мо бовар доранд.
Ба давраи нави маориф хуш омадӣ, Бохтар!
