Лоиҳаи «eKhonish» дилпурона рушди худро идома медиҳад ва имрӯз тамоми шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
Ҳамагӣ ба минтақаи татбиқ 25 воҳиди маъмурии минтақа ворид шуданд, ки қадами муҳимест дар ташаккули низоми ягонаи рақамии таълим дар сатҳи тамоми вилоят.
Дар айни замон дар ҳамаи ноҳияҳо корҳо оид ба насби таҷҳизот, пайваст кардани мактабҳо ба шабакаи интернет ва омодасозии инфрасохтор ба гузариши пурра ба идоракунии рақамӣ гузаронда мешаванд.
Команди мутахассисон баробар дар ҳамаи маҳалҳо кор мекунанд, то ки татбиқи саривақтии ҳар як марҳалаи лоиҳаро таъминг намоянд.
«Вақте мо ба ин кор сар кардем, ҳадаф нафақат ҷорӣ намудани низоми нав, инчунин муттаҳид намудани мактабҳои минтақа дар фазои ягонаи рақамӣ буд. Имрӯз лоиҳа тамоми вилоятро дарбар мегирад ва ин натиҷаи кори муштарак, қадам ба қадам ва ноҳия ба ноҳия аст», — таъкид мекунад директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» С. З. Хушвахтов.
Васеъшавии «eKhonish» дар тамоми вилояти Хатлон исботи самаранокии модели ҳамкории ТҶ «Ҷуръат», мақомоти иҷроияиҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва саридораи маорифи минтақа мебошад.
Корҳо идома доранд ва дар кӯтоҳтарин муддат тамоми мактабҳои вилоят бо таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ва интернети устувор таъмин карда мешаванд, ки барои татбиқи пурраи абзори рақамӣ дар раванди таълим замина фароҳам меоваранд.
