Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат», ҳамчун шарики иҷтимоии боэътимод, ташаббусҳоеро дастгирӣ мекунад, ки ба рушди ҷавонон ва варзиш дар минтақаҳо равона шудаанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи чунин дастгирӣ — ҳамкории созанда бо бошгоҳ (клуб)-и футболи «Рӯшон» мебошад, ки имсол номи худро дар таърихи варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сабт намуд.

Бори аввал дар таърихи ВМКБ лигаи минтақавии футбол баргузор гардид, ки беҳтарин дастаҳои минтақа дар он ширкат варзиданд. Маҳз ФК «Рӯшон» ғолиби ин мусобиқаи бонуфуз гардид ва дар бозии ҳалкунанда бо дастаи «Хоруғ Сити» бо ҳисоби 2:1 пирӯзиро ба даст овард.
Ин вохӯрӣ ба муҳорибаи ҳақиқии футбол табдил ёфт — пур аз эҳсосот, устуворӣ ва боварӣ ба пирӯзӣ то лаҳзаи охирин. Бозингарони «Рӯшон» рӯҳи даставӣ, истодагарӣ ва ҷасоратро нишон дода, исбот намуданд, ки пирӯзиҳои ҳақиқӣ на танҳо дар майдон, балки дар дилҳои онҳое ба вуҷуд меоянд, ки ба кори худ эътимод доранд.

Ташкилоти «Ҷуръат» ифтихор аз он дорад, ки сарпарасти расмии бошгоҳи футболи «Рӯшон» мебошад ва ҷавонони варзишдӯстро, ки барои муваффақият талош доранд, дастгирӣ мекунад. Зеро варзиш — ин на танҳо бозӣ, балки мактаби ахлоқ, ирода ва ваҳдат аст.
Пирӯзии ФК «Рӯшон» дар Лигаи Бадахшони соли 2025 намунаи илҳомбахш барои тамоми ҷавонони минтақа мебошад: вақте ки ҳадаф, ҳамдастӣ ва боварӣ вуҷуд доранд — ғайриимкон имконпазир мегардад.

