Рӯшон, сентябри 2019 — Дар тирамоҳи соли 2019 дар деҳаи Шпади ноҳияи Рӯшон маросими ифтитоҳи расмии майдони нави варзишӣ баргузор гардид. Ин иншооти иҷтимоӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» ва бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бунёд гардид.
Ба корҳои сохтмонӣ доираи васеи ҷавонони маҳаллӣ ҷалб карда шуданд, ки солҳои охир ба татбиқи ин лоиҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд. Дар муддати кӯтоҳ аз коркарди таҳкурсӣ то сохтани девори муҳофизатии роҳи автомобилгард, минбар барои тамошобинон аз самти шимол, шабакаи муҳофизатӣ ва рангубору омодасозии майдон барои бозиҳои варзишӣ тамоми корҳо иҷро шуданд. Ихтиёриён ва фаъолони ТҶ «Ҷуръат» дар раванди сохтмон саҳми фаъолона гузошта, махсусан ба риояи стандартҳои бехатарӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуданд.
Маросими ифтитоҳ бо ширкати муовини аввали раиси ВМКБ, роҳбари ҳукумати ноҳия, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва сокинони деҳа баргузор шуд. Шодии аҳолии маҳаллӣ ҳадду канор надошт — сокинон бо суруду рақс, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва маҳсулоти дастӣ эҳсоси қаноатмандии худро ифода карданд.
Чорабинӣ бо бозии дӯстонаи волейбол миёни ҷавонони деҳаи Шпад ва ҳамсолони онҳо аз деҳаи Деха анҷом ёфт. Ин лоиҳа намунаи хуби ҳамкории байниҷамъиятӣ ва иштироки фаъолонаи ҷавонон дар рушди инфрасохтори маҳаллӣ мебошад.