Боз як қадам ба сӯи муваффақият!!
Ташкилоти ҷамъиятии «Чурат» дар доираи татбиқи нақшаҳои рушди соҳаи маориф дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М.Назаршоев
Ёддошти тафоҳумро аз номи ДДШХ ректори тозатаъйини он, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Ғ.Юсуфзода – шахси мақсаднок, соҳибақл ва диди баланди масъала ба имзо расонд. Мо умедҳои калон дорем, ки ӯ қатъиян тасмим гирифтааст худро пурра ба вазифаи роҳбарияш бахшида, ҳар як кори муштаракро то ба анҷоми дилхоҳ расонад.
Меморандум ба ҳуҷҷати расмие табдил ёфт, ки омодагии ҳар ду ҷонибро барои амалисозии кӯшишҳои муштарак тасдиқ мекунад. Дар Меморандум бандҳо оид ба омодагӣ ва баргузор кардани чорабиниҳои гуногуни таълимӣ-маърифатӣ ва фарҳангӣ-оммавӣ пешбинӣ шудаанд, инчунин ҷалби доираи васеи донишҷӯёни донишгоҳ ва шунавандагони курсҳои ТҶ «Ҷуръат» дар назар дошта шудааст. Ҷонибҳо умед ва эътимоди қавии худро изҳор намуданд, ки ҳамкории судманди онҳо дар ояндаи наздик натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳад овард.