Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев

Донишгоҳи давлатии Хоруғ — яке аз марказҳои пешбари илмӣ-маърифатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки иқтидори зеҳнӣ ва академии минтақаро муттаҳид месозад. Донишгоҳ дар омодасозии кадрҳои илмӣ-педагогӣ, рушди илмҳои гуманитарӣ ва амалии замонавӣ, инчунин дар ташаккули арзишҳои маънавӣ ва фарҳангии минтақаи кӯҳӣ нақши калидӣ дорад.

Шарикӣ бо донишгоҳ дар заминаи машваратӣ ва таълимӣ сурат мегирад. Дар доираи ёддошти тафоҳуми амалкунанда миёни ТҶ «Ҷуръат» ва ДДХ ҳамкорӣ ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои омӯзишию маърифатӣ ва фарҳангӣ-маишӣ ба роҳ монда шудааст.
Ба ҷалби фаъолонаи донишҷӯёни донишгоҳ ва шунавандагони курсҳои ТҶ «Ҷуръат» ба таҷрибаомӯзиҳо, ки ба такмили малакаҳои амалӣ ва тавсеаи ҷаҳонбинии касбӣ равона шудаанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

Саволҳо пайдо шуданд, бо мо тамос гиред

Fill out this field
Fill out this field
Fill out this field
Fill out this field
Fill out this field