Маориф —ин сармоягузорӣ ба
ояндаи устувор

ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТ

Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” соли 2016 аз тарафи гурӯҳи фаъолони ҷавон дар яке аз деҳаҳои кӯҳистонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), бо номи”Ҷуръат” бо орзуи ҳалли мушкилот дар ҷодаи омғзиш оғоз ёфт. Мақсади асосии таъсис додани он ин тағийр додани дониши кӯдакон ва дастрасии босифат ба имкониятҳои таълим, ки метавонад ояндаи онҳоро тағйир диҳанд, мебошад.

Дар соли 2021, пас аз сабти нав, “Ҷуръат” мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт, ки аҳамият ва саҳми он дар рушди ҷомеаро тасдиқ мекунад. Дар ин солҳо мо на танҳо курсҳои омӯзиширо ташкил намудем, балки ҳаёти наврасону ҷавононро тавонистем тағйир диҳем чун теъдоди зиёди хатмкунандагони курсҳои мо ба донишгоҳҳои байналмилалии пешрафта дохил шуданд, ки пеш аз ҳама ба малакаҳои худ бовар карданд ва ҳамчунин атрофиёнро илҳом бахшиданд.

Имрӯз “Ҷуръат” бештар аз як платформаи таълимӣ аст. Ташкилот самтҳои фаъолияти худро васеъ карда, технологияи рақамиро дар таълим ҷорӣ мекунад. Бо дарназардошти имкониятҳои муосир ташкилот маҳсулоти техникии худро барои таълими фосилавӣ (онлайнӣ) таҳия мекунад, ки барои ҳама аз кудак сар карда то калонсол дастрас аст. Мо инчунин технологияи пешрафтаро барои рушди таълими кӯдакони томактабӣ шароитҳои таълими аввалинро фароҳам меорем. “Ҷуръат” ҳоло маркази инноватсонии (IT Park)-и  худашро мекушояд, ки дар онҳо мутахассисон таълим мегиранд ва маҳсулоти таълимии ягонаро, ки ба рушди технологияи муосир дар таълим кӯмак мекунад, истеҳсол мекунанд.

Ҷуръат” нишон медиҳад, ки ҳатто хурдтарин қадамҳо метавонанд ба тағйироти бузург оварда расонанд.

Хуш омадед ба “Ҷуръат” — ҷойе, ки эътимод ба дониш илҳом мебахшад ва дарҳоро ба оянда мекушояд.

Ширинов Ҳабибулло Абайдуллоевич

Роҳбари лоиҳаи «e-Khonish»

Ҳабиб шахсест, ки ғоя, даста ва
натиҷаро ба ҳам мепайвандад. Ӯ масъул аст, то лоиҳа ба таври низомнок ва
устувор рушд кунад: аз банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии равандҳо то назорати
сифат ва муҳлатҳои иҷро..

Роҳбари лоиҳа фаъолияти даставиро ба роҳ мемонад, ҳамкориро бо шарикон
ва минтақаҳо тақвият медиҳад, ба чолишҳо саривақт вокуниш нишон медиҳад
ва қарорҳое қабул мекунад, ки ба рушди лоиҳа ва ба даст овардани
натиҷаҳои воқеӣ мусоидат менамоянд. Вазифаи асосии ӯ табдил додани
стратегия ба маҳсулоти фаъол, барои истифодабарандагон муфид ва
дарозмуддат устувор мебошад.

Малыхина Валентина

Менеҷери рушди зеҳни сунъӣ

Валентина барои рушди самти зеҳни сунъӣ масъул аст. Якҷоя бо дастаи методистҳо ӯ маводеро таҳия мекунад, ки асоси омӯзиши модели забонӣ мегардад, инчунин санҷиши онро мегузаронад ва равандҳоро дар доираи рушди маҳсулоти зеҳни сунъӣ танзим мекунад. Ӯ бо муносибати масъулона ба кор фарқ мекунад ва ҳамчун пайванди ҳамоҳангсоз миёни мутахассисони техникӣ ва бахши методологии даста хизмат мекунад.

Хушвахтов Саъдӣ

Асосгузор ва илҳомбахши идеявии ТҶ “Ҷуръат”

“Вақте ки ба кор шурӯъ кардем, дар назди мо ҳадафи сода, вале бузург
гузошта шуда буд: чунон кардан даркор аст, ки ҳар як инсон, новобаста
аз маҳали истиқомат ва мавқеи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таълими босифат
дошта бошад.

Мо бовар доштем, ки дониш тобеи ҳудуд ва истисно нест.
Ин солҳо исбот карданд: имкониятҳои баробар на орзу, балки воқеият
аст, агар устуворона ва бо бовар ба мардум кор карда шавад.

Имрӯз мо бо нигоҳ доштани арзишҳое ки корро бо онҳо шурӯъ карда
будем, ояндаи рақамии таълимро месозем. Идеяи дар заминаи “Ҷуръат”
гузошташуда – бовар ба ҳар як одам, ба нерӯи таълим ва ба он ки
тағйирот аз бахшҳои хурд сар мешавад. Ва агар рӯзе касе дар гӯшаи
дурдасти кишвар барои худ дари дунёи донишро боз намояд, пас, заҳмати
мо беҳуда набудааст.”

Айдарбекова Заррина Сарфарозовна

HR-менеҷер

Дар бахши идоракунӣ ва иқтисодиёт таҷриба дорад, аммо дар айни замон
таваҷҷуҳи асосиро ба рушди соҳаи HR равона мекунад. Дар команда масъули
интихоби мутахассисон, координатсияи равандҳои кадрӣ ва сохтани муҳити
кории муносиб мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба одамон, муносибати доимӣ ва майл
ба рушди касбӣ фарқ мекунад.

Вазифаи мо

Мо имкониятҳои баробарро дар ҷодаи таълим барои ҷавонон новобаста аз ҷои зист ва мақоми иҷтимоии онҳо эҷод мекунем. Ҳадафи асосии мо ин аз байн бурдани фосилаи таълимӣ байни сокинони шаҳр ва деҳот ва таъмини дастрасии самаранок ба дониш баҳри рушд мебошад. Мо монеаҳоеро, ки дар таълим мавҷуданд, бартараф мекунем ва кӯмак мекунем, ки ояндаи дурахшонро тавассути усулҳои инноватсионӣ дар таълим бисозем.

Арзишҳои мо

  • Баробарӣ — дастрасии оммавӣ доштан ба дониш
  • Масъулият — саҳмгузорӣ кардан барои ҳаёти худ ва ҷомеа.
  • Инноватсия — истифода кардани усулҳои муосир дар таълим
  • Рушди доимии шахсӣ ва касбӣ
  • Саҳми иҷтимоӣ — таъсири мусбат ба ҷомеа тавассути таълим

Дидгоҳи мо

Мо бовар дорем, ки пешрафт аз огоҳӣ ва тасмимгирии ҳар як инсон оғоз мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҷомеаеро созем, ки дар он одамон барои ояндаи худ масъулияти бисёртар ҳис кунанд ва бо истифода аз дониш барои беҳтар кардани ҳаёт кӯшиш кунанд. Таҳсилот ин раванде аст, ки инсон аз худшиносӣ бештар огоҳ гардида, тавассути малакаҳо боварии бисёртарро барои рушд ва устуворӣ пайдо мекунад.

Минтақаҳои
фаъолияти
мо

Носири ХусравШахритусКубодиёнЧайхунБалхиПянджХуросонФархорВосеДангараЯванШамсиддин ШохинХамадониБалджуванХовалингМуминободТемурмаликКулябНурекА. ДжомиБохтарЛевакантВахшДарвазВамарХорогРошткалъаШугнанВанч

Динамика

Статистика

Все года
2026
2025
2024
2023
2022
2021
2020
2019
2018
2017
2016
СОГД 0 0 0 2 800 000 25 400 км² ОКС ОКВ НСЗ Население Площадь
ДУШАНБЕ/РРП 1340 1340 0 3 500 000 31 000 км² ОКС ОКВ НСЗ Население Площадь
ХАТЛОН 3110 3110 0 3 900 000 24 600 км² ОКС ОКВ НСЗ Население Площадь
ГБАО 12000 12000 0 230 000 64 200 км² ОКС ОКВ НСЗ Население Площадь

I am raw html block.
Click edit button to change this html

Барои маълумоти иловаги бо мо тамос гиред

Ин майдонро пур кунед
Ин майдонро пур кунед
Ин майдонро пур кунед
Ин майдонро пур кунед
Ин майдонро пур кунед