Лоиҳаи «eKhonish» — низоми муосири таълим буда, барои автоматикунонӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии равандҳои таълим дар мактабҳо ва муассисаҳоии таълимии дигар хидмат мекунад.
Платформа, бо фароҳам овардани замина барои раванди таълими шаффоф, алоқаманд ва инкишофёбанда, маъмурияти мактабҳо, омӯзгорон, талабагон, падару модарон ва мақомоти идоракунандаи таълимро дар фазои ягона муттаҳид менамояд.
Ҳадафи лоиҳа
Ҳадафи асосии лоиҳаи «eKhonish» дигаргунсозии рақамии низоми таълим аст.
Он барои осон кардани равандҳои маъмурӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва муҳайё сохтани шароити нав барои амали самараноки якҷояи ҳамаи иштироккунандагони эконизоми таълим хидмат мекунад.
Платформа дар заминае ERP-низом (Enterprise Resource Planning) сохта шудааст, ки идоракунии ҷомеи ҳамаи самтҳои фаъолияти муассисаҳои таълимӣ — аз банақшагирии дарсҳо то таҳлили натиҷаҳо ва ҳисоботро таъмин менамояд.
Афзалиятҳои муҳим ва имкониятҳо
- Имкониятҳои васеъ барои мубодилаи маълумот.
Ҳамаи иштироккунандагони раванд дастрасӣ ба маълумоти ҷиддӣ дар реҷаи замони воқеиро доранд. - Тарзи нав ва такмилшудаи ташкили равандҳо.
Низом, бо кам кардани сарбории мактабҳо ва маъмурият, тартиботи дастии кӯҳнашударо иваз менамояд. - Бойгонии ягона ва дастрасии мутамарказ ба маълумот.
Тамоми маълумот дар бораи рафти таълим, иштирок дар дарсҳо, натиҷаҳо ва захираҳо дар як ҷои барои таҳлил ва тасмимгирӣ дастрас нигоҳ дошта мешавад. - Ҳамгироӣ бо низомҳои дигари иттилоотӣ.
Платформа дар мутобиқат бо қарорҳои муосири давлатӣ ва шаҳрӣсохта шудааст ва барои муттаҳид намудани сатҳҳои гуногуни идоракунӣ имконият фароҳам меоварад. - Дараҷаи баланди бехатарӣ.
Ҳамаи маълумот дар серверҳои дохилӣ бо таъмини махфият ва ҳимояи маълумоти шахсӣ нигоҳ дошта мешавад.
Имкониятҳобарои иштироккунандагони гуногун
Барои талабагон:
eKhonish барои идоракунии самараноки вақти таълимии худ ёрӣ мерасонад, риояи ҷадвали дарсӣ, муваффақият дар таҳсил, иштирок дар дарсҳои фосилавиро назорат мекунад ва ширкат дарро назорат мекунад.
Барои падару модарон:
Платформа барои вокуниши фаврӣ ва дастгирии раванди таълим, дастрасии доимӣ ба маълумот дар бораи муваффақияти кӯдак дар таҳсил, иштирок дар дарсҳо ва алоқаи дутарафа бо омӯзгоронро пешниҳод менамояд.
Барои омӯзгорон:
Низом бурдани журналҳои электронӣ, банақшагирии дарсҳо ва амали якҷояи талабагон ва падару модаронро осон карда, маҳслнокӣ ва шаффофияти корро баланд мебардорад.
Барои маъмрият:
Маъмурияти мактаб соҳиби абзори мониторинги раванди таълим, тақсимоти сарборӣ, таҳлили омор ва ба шакли муайян даровардани ҳисобот мешавад. Низом инчунин ҳисобу китоби музди кор ва идоракунии захираҳоро осон менамояд.
Аҳамияти стратегӣ
Лоиҳаи «eKhonish» натанҳо ҳалли рақамӣ аст. Он модели нави идоракунии таълим дар асоси шаффофият, таҳлил ва дастрасии ягона ба маълумот мебошад.
