Густариши лоиҳаи «eKhonish» давом дорад.
Пас аз татбиқи муваффақ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, гнографияи лоиҳа хеле густариш пайдо кард — имрӯз он аллакай 13 ноҳияи минтақаро дар бар мегирад.

Ба шумори ҳудудҳои нав, ки дар он ҷойҳо татбиқи лоиҳа идома дорад, ноҳияҳои Кӯшониён, Ҷомӣ, Дӯстӣ, Балхӣ, Мӯъминобод ва Вахш ҳамроҳ шуданд.
Дар ин ноҳияҳо корҳо оид ба насби таҷҳизот, пайваст кардани мактабҳо ба шабакаи интернет ва омодасозии инфрасохтор ба гузариш ба низоми рақамии идоракунии таълим гузаронда мешаванд.
Лоиҳаи «eKhonish», ки аз тарафи ташкилоти ҷамъияти «Ҷуръат» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва саридораи маорифи минтақа татбиқ карда мешавад, тадриҷан рушд мекунад ва мавқеи таълими рақамиро дар минтақа мустаҳкам менамояд.
«Барои мо нафақат ҷорӣ намудани технологияҳои нав, инчунин сохтани низоми устуворе ки таълимро дастрастар, шаффофтар ва самараноктар мекунад, муҳим мебошад», — зикр намуд директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» С. З. Хушвахтов

Табиқи лоиҳа дар ноҳияҳои нав потенсиали зиёди «eKhonish»-ро ҳамчун абзори модернизатсияи муҳити таълим ба намоиш мегузорад ва заминаи мустаҳками рушди минбаъдаи ташаббусҳои рақамиро дар вилояти Хатлон ташаккул медиҳад.
