Дар доираи нақшаи татбиқи лоиҳаи «eKhonish» ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба сифати нахустин ноҳияи пилотӣ интихоб шудааст.
Маҳз дар ҳамин ҷо марҳалаи амалии дигаргунсозии рақамии таълим оғоз шудааст, ки онро ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва саридораи маорифи минтақа мегзаронад.
Лоиҳа фарогирии 85 муассисаи таҳсилоти умумиро пешбинӣ менамояд, ки дар онҳо насби воситаҳои ҳозиразамони техникӣ, пайвастан ба интернет ва дастрасӣ ба платформаи рақамии «eKhonish» таъмин карда хоҳад шуд
Марҳалаи мазкур барои коркарди ҳамаи механизмҳои муҳими татбиқкунӣ, бо фарогирии таълими ҳайати кормандони мактаб ва мусоидат ба муассисаҳои таълимӣ барои гузаштан ба низоми рақамии идоракунӣ, шароит фароҳам меоварад.
Татбиқи лоиҳаи пилотӣ дар Ёвон заминаи мустаҳками густариши васеи «eKhonish» дар тамоми вилояти Хатлонро гузошт.
Қадамҳои минбаъда пайваст намудани мактабҳои ноҳияҳои дигар, рушди функсионали низом ва ҳамгироии сервисҳои нави ба баланд бардоштани сифати таълим ва самаранокии идоракунӣ нигаронидашударо дар бар мегирад.
ТҶ «Ҷуръат» лоиҳаи «eKhonish»-ро ҳамчун барноми дарозмӯҳлати модернизатсияи муҳити таълим баррасӣ менамояд, ки мактабҳо, омӯзгорон ва сохторҳои идоракунии минтақаро дар фазои ягонаи рақамӣ муттаҳид мекунад.
