ТҶ “Ҷуръат” бо иқдоми ба роҳ андохтани коромӯзии думоҳа, барои донишҷӯёни Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA) уфуқҳои нав боз кард. Барнома чунон сохта шудааст, ки нафақат таҷриба, балки имконияти эҳсоси касб бо вазифаҳо, масъулият ва дастгирии мураббиён аз дарунро низ медиҳад.
Коромӯзи се самти муҳими ташаккули асоси ҳар як ташкилоти ҳозиразамонро дар бар мегирад:
- Хазинаи маълумот — аз пур кардани пурсишномаҳо то муносибгардонии дархостҳо ва таъмини амният;
• Молия — кор бо буҷетикунонӣ, автоматикунонии ҳисобот ва таҳлил;
• Тарҳрезӣ — кори сохтани сайтҳо, тарҳрезии вазифаҳо, моделҳои зеҳни сунъӣ, ширкат дар код-ревю ва CI/CD.

Рӯзи якум барои иштироккунандагон натанҳо шиносоӣ бо офис буд. Онҳо аз welcome-тренинг гузаштанд, диданд, ки равандҳои дохилӣ чӣ гуна сохта шудаанд, бо команда шинос ва дарзамон машғули кор шуданд. Ин ба мутобиқшавӣ ва худро ҷузъи як коллектив эҳсос кардани онҳо ёрӣ расонд.

Чаро ин муҳим аст? Барои он дониш то замоне ки дар таҷриба санҷида нашавад, муҷаррад боқӣ мемонад.Дар рафти коромӯзӣ ҳар як коромӯз:
- донишҳои донишгоҳиро дар масъалаҳои воқеӣ истифода мекунад;
- масъалаҳои мушкилро ба гомҳои мушаххас ҷудо мекунад;
• мебинад, ки муваффақият бо метрикаҳо андозагирӣ мешавад, на бо суръати иҷро; - алоқаи дутарафаро ба роҳ мемонад ва портфолиои лоиҳаҳои аввалинро ташаккул медиҳад.
Ҳар гурӯҳ мураббии соҳибкасби худро дорад, ки барои муайян намудани афзалиятҳо ёрӣ мерасонад, масъалаҳои мураккабро якҷоя баррасӣ менамояд ва мантиқи тасмимҳои гирифташударо нишон медиҳад. Ин на таҷрибаӣ расмӣ барои ҳисобот, балки гоми пурарзиш ба сӯи касб аст.

ТҶ “Ҷуръат” ҷоест, ки идеяҳо ба лоиҳаҳо табдил мешаванд ва назария таҷассуми худро дар амал меёбад Хуш омадед ба командаи оянда!
