Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Китобхонаи ҷамъиятии ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб пурра таъмиру азнавсозӣ карда мешавад.
Лоиҳа дар доираи Солҳои рушди фарҳанги китобхонӣ (2026–2030) бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҷуръат» амалӣ мегардад. Арзиши умумии корҳои таъмиру азнавсозӣ 4 миллион сомонӣ-ро ташкил медиҳад.
Дар айни замон дар бинои китобхона корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ идома дошта, анҷоми пурраи онҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст. Иҷрои корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Раёсати сохтмони асосии вилояти Хатлон амалӣ карда мешавад.
Пас аз анҷоми корҳои азнавсозӣ китобхона ба як фазои муосири фарҳангиву маърифатӣ ва таълимӣ табдил ёфта, барои сокинони шаҳри Кӯлоб имкониятҳои нави омӯзишу рушди маърифатро фароҳам меорад. Дар китобхона марказҳои таълимии бахшида ба осори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва инчунин омӯзиши Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ таъсис дода мешаванд. Ҳамзамон, китобхонаи электронӣ низ роҳандозӣ гардида, дастрасии хонандагонро ба захираҳои муосири таълимӣ ва иттилоотӣ васеъ мегардонад.
Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли ҷорӣ роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба фонди китобхона 400 нусха китоб аз рӯйи соҳаҳои илм, адабиёт, таърих, фарҳанг ва педагогика, инчунин 10 адад ҷевони муосири китоб тақдим намуд.
Барои Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Ҷуръат» иштирок дар татбиқи ин лоиҳа идомаи фаъолияти доимӣ дар самти рушди соҳаи маориф, густариши дастрасӣ ба дониш ва дастгирии ташаббусҳое мебошад, ки ба таҳкими фарҳанги китобхонӣ, рушди инфрасохтори муосири таълимӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеа равона шудаанд.
