Дар шаҳри Кӯлоб маросими тантанавии ифтитоҳи филиали муассисаи таълимии №41 ба номи Одил Комилов баргузор гардид. Дар доираи ин чорабинӣ лоиҳаи eKhonish, ки ба рақамисозии раванди таълим ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар муассисаҳои таълимии минтақа равона шудааст, муаррифӣ гардид.
Дар маросим Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода, Вазири нақлиёт Азим Иброҳим, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва Раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ширкат варзиданд.
Дар рафти муаррифӣ меҳмонон бо имкониятҳои асосии низоми eKhonish шинос шуданд — аз рӯзномаҳои электронӣ ва баҳисобгирии автоматонидашуда то василаҳои рақамии таълими фосилавӣ ва мубодилаи мавод байни муассисаҳои таълимӣ. Ин платформа барои осон кардани кори омӯзгорон, баланд бардоштани шаффофияти равандҳои таълим ва фароҳам овардани фазои ягонаи таълимӣ барои омӯзгорон, хонандагон ва волидайн пешбинӣ шудааст.
Меҳмонони олиқадр таъкид намуданд, ки чунин ташаббусҳо имкониятҳои навро барои омӯзгорон ва хонандагон мекушоянд, ба рушди малакаҳои рақамӣ мусоидат мекунанд ва муҳити таълимии муосирро ташаккул медиҳанд. Дар анҷоми чорабинӣ омӯзгорони муассисаи таълимӣ бо меҳмонон шинос шуданд, ва барои қадрдонии заҳмат ва садоқати онҳо ба касб бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.
Ифтитоҳи филиали муассисаи таълимии №41 ва муаррифии лоиҳаи eKhonish як рӯйдоди муҳим гардид, ки ҳаракати устувори низоми маорифи Тоҷикистонро ба сӯйи ояндаи рақамӣ таҷассум мекунад.
