Пас аз бомуваффақият ба роҳ мондани марҳалаи пилотӣ дар ноҳияи Ёвон, татбиқи лоиҳаи «eKhonish» тадриҷан суръаташро зиёд мекнад.
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат», бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти хатлон ва саридораи маорифи минтақа, ба татбиқи низом боз дар чандин шаҳру ноҳияи вилоят шурӯъ намуд.

Дар айни замон лоиҳа васеъ мешавад ва дар маҳалҳое ба мисли Левакант, Кӯлоб, Норак, Хуросон, инчунин дар маркази маъмурии вилояти Хатлон—шаҳри Бохтар фаъолона татбиқ карда мешавад.
Дар ин ноҳияҳо насби таҷҳизот ва пайваст намудани муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи интернет гузаронда мешавад, ки барои татбиқи минбаъдаи абзори рақамӣ ва гузариш ба шаклҳои мосири идоракунӣ замина фароҳам меоварад.
Ҳар марҳалаи нави татбиқ минтақаро ба сохтани муҳити ягонаи таълими рақамӣ наздик мекунад, ки дар он ҳамаи мактабҳо ва мақомоти идоракунии таълим дар низоми алоқаманд, шаффоф ва самаранок кор мекунанд.
ТҶ «Ҷуръат», бо мустаҳкам намудани ҳамкорӣ бо мақомоти ҳокимият ва муассисаҳои таълимӣ, кори татбиқи лоиҳаро идома медиҳад.
Васеъ намудани географияи татбиқи «eKhonish» дар вилояти Хатлон ба қадами навбати сохтани модели муосир, дастрас ва самараноки таълими рақамӣ табдил шуд.

