Бо дарназардошти татбиқи муваффақи ташаббусҳо ва маъруфияти зиёди курсҳои таълимӣ, аз тарафи роҳбарияти ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» дар бораи ворид намудани механизмҳои нави рушди муҳити таълим дар заминаи роҳҳоми ҳалли рақамии ҳозиразамон тасмим гирифта шуд.

Ҳамин тавр идеяи татбиқи лоиҳаи «eKhonish» — низоми инноватсионии ба дигаргунсозии рақамии таълим ва баланд бардоштани самаранокии идораи раванди таълим нигаронидашуда пайдо шуд.
Ташаббус аз тарафи раиси вилояти Хатлон, мӯҳтарам Давлаталӣ Саид гарму ҷӯшон пазируфта шуд ва ӯ дастгирии татбиқи роҳҳои ҳалли рақамӣ дар бахши таълимро изҳор намуд.
Шарикони лоиҳа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва саридораи маорифи вилояти Хатлон мебошанд, ки дараҷаи баланди бовар ба лоиҳа ва аҳамияти он дар минтақаро таъкид менамояд.

Лоиҳаи «eKhonish» платформаи муосири таълимист, ки мактабҳо, омӯзгорон, талабагон ва мақомоти идоракунии таълимро дар фазои ягонаи рақамӣ муттаҳид менамояд.
Низом барои автоматикунонии равандҳои муҳими таълим, баҳисобгирӣ ва ҳамгироӣ шароит фароҳам меоварад, шаффофият, самаранокӣ ва дастрасиии маълумоти таълимиро таъмин менамояд.

Дар айни замон омодагии фаъол ба татбиқи лоиҳа идома дорад: вохӯриҳои корӣ, машваратҳои техникӣ ва мувофиқати марҳалаҳои татбиқ гузаронда мешаванд.
Дар муддати кӯтоҳтарин оғози давраи амалӣ — насби таҷҳизот, гузарондани интернет-коммуникатсияҳо, таълими ҳайати кормандон ва кушоиши мактабҳои пилотӣ нақша гирифта мешавад.

ТҶ «Ҷуръат» мӯътақид аст, ки татбиқи лоиҳаи «eKhonish» дар вилояти Хатлон ба қадами муҳим дар сохтани эконизоми муосири рақамии таълим табдил мешавад ва дастрасии баробар ба таълими босифат барои ҳамаро таъмин менамояд.
