Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» оғози кори худ дар вилояти Хатлонро эълон мекунади. Дар наздиктарин замон кушоиши курсҳои таълимӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои мухталифи минтақа ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо шунавандагон метавонанд ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шаванд.
Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» пас аз гирифтани мақоми ҷумҳуриявӣ, бо шурӯъи татбиқи ташаббусҳои таълимӣ дар вилояти Хатлон, ба сатҳи нави рушд мебарояд.
Ин иқдом идомаи табиии кори чандинсолаи ташкилот мебошад, ки ба фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар бахши таълим ва рушди потенсиали инсонӣ дар саросари кишвар нигаронидашудааст.
Дар муддати наздиктарин кушоиши курсҳои таълимии забонҳои хориҷӣ барои гурӯҳҳои гуногуни синнусолӣ ба нақша гирифта шудааст. Таълим аз рӯи методикаи муосир, бо такя ба малакаҳои амалӣ ва дастрасӣ барои сокинони ҳатто дуртарин маҳалҳои истиқоматӣ ташкил карда хоҳад шуд.
«Бовар дорем, ки донистани забонҳо дарҳои ҷаҳонро ба рӯи одамон барои муошират, таҳсил ва имкониятҳои нав мекушояд. Вазифаи мо наздик кардани ин дарҳо ба ҳар сокини минтақа аст», — мегӯяд директори ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» С. З. Хушвахтов
Оғози кор дар вилояти Хатлон ба давраи муҳими рушди ташкилот табдил шуд, асоси лоиҳаҳои ояндаи ба дастгирии таълим, рақамикунонӣ ва рушди малакаҳои ҷавонон ва калонсолон нигаронидашударо гузошт.
