Бо мо тамос гиред
Маориф —ин сармоягузорӣ ба
ояндаи устувор
ДАР БОРАИ ТАШКИЛОТ
Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷуръат” соли 2016 аз тарафи гурӯҳи фаъолони ҷавон дар яке аз деҳаҳои кӯҳистонии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), бо номи”Ҷуръат” бо орзуи ҳалли мушкилот дар ҷодаи омғзиш оғоз ёфт. Мақсади асосии таъсис додани он ин тағийр додани дониши кӯдакон ва дастрасии босифат ба имкониятҳои таълим, ки метавонад ояндаи онҳоро тағйир диҳанд, мебошад.
Дар соли 2021, пас аз сабти нав, “Ҷуръат” мақоми ҷумҳуриявӣ гирифт, ки аҳамият ва саҳми он дар рушди ҷомеаро тасдиқ мекунад. Дар ин солҳо мо на танҳо курсҳои омӯзиширо ташкил намудем, балки ҳаёти наврасону ҷавононро тавонистем тағйир диҳем чун теъдоди зиёди хатмкунандагони курсҳои мо ба донишгоҳҳои байналмилалии пешрафта дохил шуданд, ки пеш аз ҳама ба малакаҳои худ бовар карданд ва ҳамчунин атрофиёнро илҳом бахшиданд.
Имрӯз “Ҷуръат” бештар аз як платформаи таълимӣ аст. Ташкилот самтҳои фаъолияти худро васеъ карда, технологияи рақамиро дар таълим ҷорӣ мекунад. Бо дарназардошти имкониятҳои муосир ташкилот маҳсулоти техникии худро барои таълими фосилавӣ (онлайнӣ) таҳия мекунад, ки барои ҳама аз кудак сар карда то калонсол дастрас аст. Мо инчунин технологияи пешрафтаро барои рушди таълими кӯдакони томактабӣ шароитҳои таълими аввалинро фароҳам меорем. “Ҷуръат” ҳоло маркази инноватсонии (IT Park)-и худашро мекушояд, ки дар онҳо мутахассисон таълим мегиранд ва маҳсулоти таълимии ягонаро, ки ба рушди технологияи муосир дар таълим кӯмак мекунад, истеҳсол мекунанд.
“Ҷуръат” нишон медиҳад, ки ҳатто хурдтарин қадамҳо метавонанд ба тағйироти бузург оварда расонанд.
Хуш омадед ба “Ҷуръат” — ҷойе, ки эътимод ба дониш илҳом мебахшад ва дарҳоро ба оянда мекушояд.









Хушвахтов Саъдӣ
Асосгузор ва илҳомбахши идеявии ТҶ “Ҷуръат”
“Вақте ки ба кор шурӯъ кардем, дар назди мо ҳадафи сода, вале бузург гузошта шуда буд: чунон кардан даркор аст, ки ҳар як инсон, новобаста аз маҳали истиқомат ва мавқеи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таълими босифат дошта бошад.
Мо бовар доштем, ки дониш тобеи ҳудуд ва истисно нест.
Ин солҳо исбот карданд: имкониятҳои баробар на орзу, балки воқеият аст, агар устуворона ва бо бовар ба мардум кор карда шавад.
Имрӯз мо бо нигоҳ доштани арзишҳое ки корро бо онҳо шурӯъ карда будем, ояндаи рақамии таълимро месозем. Идеяи дар заминаи “Ҷуръат” гузошташуда – бовар ба ҳар як одам, ба нерӯи таълим ва ба он ки тағйирот аз бахшҳои хурд сар мешавад. Ва агар рӯзе касе дар гӯшаи дурдасти кишвар барои худ дари дунёи донишро боз намояд, пас, заҳмати мо беҳуда набудааст.”
Фародзода Фирдавс Мавлоназар
Директори ТҶ «Ҷуръат»
Мутахассиси дорои таҷрибаи зиёда аз 10-сола дар бахши таълим ва идоракунии лоиҳаҳо. Координатори як қатор ташаббуси таълимии муваффақ будааст. Лоиҳаи рақамикунонии низоми маорифи вилояти Хатлонро бомуваффақият роҳбарӣ мекунад. Ба омодасозии кадрҳо ва татбиқи абзори рақамӣ дар мактабҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Дар доираи лоиҳа масъули коммуникатсия бо саридораҳои таълимии минтақавӣ мебошад ва кори самараноки тамоми командаро таъмин менамояд.
Қулмаҳмадова Фарзона Гулмаҳмадовна
Менеҷери амалиёти филиали ТҶ «Ҷуръат»
Дар давоми чаҳор сол ташкили самараноки равандҳои ҳаррӯза ва кори устувори командаро таъмин менамояд. Иҷрои саривақтии вазифаҳоро назорат мекунад, ба тақсимоти сарборӣ ёрӣ мерасонад ва дар ҳама гуна вазъияти корӣ роҳҳои ҳалли сода ва мувофиқро меёбад. Бо интизоми баланд, таваҷҷуҳ ба ҷузъиёт ва омодагӣ ба дастгирии ҳамкорон фарқ мекуна.
Айдарбекова Заррина Сарфарозовна
HR-менеҷер
Дар бахши идоракунӣ ва иқтисодиёт таҷриба дорад, аммо дар айни замон таваҷҷуҳи асосиро ба рушди соҳаи HR равона мекунад. Дар команда масъули интихоби мутахассисон, координатсияи равандҳои кадрӣ ва сохтани муҳити кории муносиб мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба одамон, муносибати доимӣ ва майл ба рушди касбӣ фарқ мекунад.
Раҳибеков Маҳмуд Наврӯзбекович
Дизайнери графика ва моушн
Масъули таҳия ва татбиқи графикаи аниматсионӣ мебошад, ки ҳаммонандии визуалии лоиҳаро тарафдорӣ мекунад. Дорои таҷрибаи сохтани интерфейсҳои аниматсионӣ, зерматнҳо ва инфографика бо дарназардошти талаботи техникӣ ва услубӣ мебошад. Дар пайванди зис бо дизайнерҳо ва видеомейкерҳо кор мекунад ва сифати баланди контенти визуалӣ ва ҳамгироии саривақтии он бо лоиҳаро таъмин менамояд.
Ширинов Ҳабибулло Абайдуллоевич
Менеҷери минтақавӣ
Масъули координатсияи кор бо мутахассисон ва ба даст овардани натиҷаҳо дар ҳудуд мебошад. Рафти татбиқи лоиҳаро назорат ва риояи муҳлатҳо ва стандартҳои сифатро пайгирӣ мекунад. Таълими омӯзгоронро оид ба истифодаи ҳалҳои рақамӣ ташкил ва татбиқи самараноки технологияҳои таълим дар мактабҳоро таъмин менамояд. Ҳалқаи пйвсткунандаи байни командаи марказӣ ва минтақа мебошад, ба вазифаҳои пайдошаванда фавран вокуниш нишон медиҳад ва мактабро дар ҳамаи марҳалаҳои татбиқ дастгирӣменамояд.
Айдарбеков Шоназар Сарфарозович
IT-менеҷери лоиҳа
Дар доираи лоиҳа вазифаи IT-менеҷерро иҷро мекунад ва масъули ҳамгироии техникии ҳамаи равандҳои рақамӣ: ҷӯркунӣ ва дастгирии инфрасохтори серверӣ, таъмини амнияти шабакавӣ, густариш ва ҳамроҳикунии вебсайтҳо ва замимаҳо мебошад. Дараҷаи баланди салоҳияти техникӣ ва ҳусни таваҷҷӯҳ ба ҷузъиёт дорад, ки барои ҳалли фаврии вазифаҳои мураккаб ва таъмини кори устувори муҳити рақамии лоиҳа имконият фароҳам меоварад.
Бекназаров Акмал Кишварович
Менеҷери молиявӣ
Дар кори банақшагирии буҷет ва ташкили равандҳои ҷории молиявӣ дар лоиҳа иштирок мекунад. Дар омодасозии ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ ва ҳамкории байниҳамдигарӣ бо муҳосибот, сохторикунонии иттилооти молиявӣ, пайгирии дурустии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо ва риояи мӯҳлатҳо ёрӣ мерасонад. Дар кор муташаккилӣ, вазифашиносӣ ва фаҳмиши хусусиятҳои фаъолияти лоиҳаро тавъам месозад.
Вазифаи мо
Мо имкониятҳои баробарро дар ҷодаи таълим барои ҷавонон новобаста аз ҷои зист ва мақоми иҷтимоии онҳо эҷод мекунем. Ҳадафи асосии мо ин аз байн бурдани фосилаи таълимӣ байни сокинони шаҳр ва деҳот ва таъмини дастрасии самаранок ба дониш баҳри рушд мебошад. Мо монеаҳоеро, ки дар таълим мавҷуданд, бартараф мекунем ва кӯмак мекунем, ки ояндаи дурахшонро тавассути усулҳои инноватсионӣ дар таълим бисозем.
Арзишҳои мо
- Баробарӣ — дастрасии оммавӣ доштан ба дониш
- Масъулият — саҳмгузорӣ кардан барои ҳаёти худ ва ҷомеа.
- Инноватсия — истифода кардани усулҳои муосир дар таълим
- Рушди доимии шахсӣ ва касбӣ
- Саҳми иҷтимоӣ — таъсири мусбат ба ҷомеа тавассути таълим
Дидгоҳи мо
Мо бовар дорем, ки пешрафт аз огоҳӣ ва тасмимгирии ҳар як инсон оғоз мешавад. Мо кӯшиш мекунем, ки ҷомеаеро созем, ки дар он одамон барои ояндаи худ масъулияти бисёртар ҳис кунанд ва бо истифода аз дониш барои беҳтар кардани ҳаёт кӯшиш кунанд. Таҳсилот ин раванде аст, ки инсон аз худшиносӣ бештар огоҳ гардида, тавассути малакаҳо боварии бисёртарро барои рушд ва устуворӣ пайдо мекунад.
Минтақаҳои
фаъолияти мо
Динамика
Статистика
I am raw html block.
Click edit button to change this html