7 апрели соли 2021 дар доираи татбиқи Меморандуми тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» вохӯрии аввалини роҳбарони ҳар ду ҷониб бо донишҷӯёни факултетҳои таърих ва филология баргузор гардид. Вохӯрӣ ба мавзӯи «Шаклҳои идомаи таҳсил баъд аз донишгоҳ ва ҷустуҷӯи роҳу имкониятҳо барои кор дар хориҷи кишвар» бахшида шуда буд. Директори ТҶ «Ҷуръат» С. Хушвахтов донишҷӯёнро бо методологияи фаъолияти ташкилот дар ин самт, инчунин бо паҳлӯҳои раванди рушди таҳсилоти иловагӣ барои кӯдакон, наврасон ва ҷавонон муфассал шинос намуд. Шунавандагон ба саволҳои худ ҷавобҳои муфассал гирифтанд. Ҳар ду ҷониб изҳори ният карданд, ки баргузории чунин чорабиниҳои муфидро идома хоҳанд дод. ТҶ «Ҷуръат» миннатдории самимии худро ба роҳбарияти ДДХ барои омодагии хуби вохӯрӣ ва меҳмоннавозӣ баён намуд.
Ба донишҷӯён иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистон бо Олмон барқарор шудаанд. Имконияти хубе ба вуҷуд омадааст, ки дар он кишвар таҳсил ва кор кардан мумкин аст. Дар Олмон ғайр аз таҳсил, имкони пайдо кардани кор низ вуҷуд дорад. Ин тадбирҳо тавассути барномаҳои зерин амалӣ мегарданд:
-
AU-pair
-
FSJ “für mich – und für andere”
-
Ausbildung
Таваҷҷӯҳ: scholarship!!!
Қисми дуюми презентатсия ба шарикони доимии мо — “Shams Family Foundation” бахшида шуда буд, ки имконияти гирифтани ихтисоси барномасоз дар зинаҳои бакалавр, магистр ва докториро дар Ҷумҳурии Шимолии Македония (South East European University) пешниҳод мекунад. “Shams Family Foundation” пардохти таҳсилро ба зимма мегирад.
Пайванд барои дохил шудан ба South East European University дар Ҷумҳурии Шимолии Македония дар поён оварда шудааст:
https://www.seeu.edu.mk/en
https://forms.gle/hTUQqrQcLHD5szjF9