Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷуръат» яке аз ташкилотҳои фаъоли иҷтимоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки самти асосии фаъолияти худро ба рушди соҳаи маориф равона кардааст.
Бо такя ба заминаи мустаҳкам ва таҷрибаи чандинсолаи фаъолияти омӯзишиву тарбиявӣ, ташкилот дар баробари истифодаи анъанаҳои хуб, инчунин ҷорӣ намудани усулҳо ва шаклҳои нави таълимро муҳим мешуморад. Мақсади асосӣ — тарбияи насли наврас ва ҷавон мутобиқ ба талаботи муосир, ки дар оянда тавонанд ба донишгоҳҳои бонуфузи дохил ва хориҷи кишвар дохил шаванд, ба фаъолияти меҳнатии пурсамар омода гарданд ва эҳтиёҷоти маънавии худро қонеъ созанд.
Аз соли 2016 инҷониб ТҶ «Ҷуръат» фаъолияти худро дар самтҳои зерин ба роҳ мондааст:
-
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан англисӣ ва русӣ;
-
Таълими амиқи фанҳои дақиқ, пеш аз ҳама математика;
-
Азхудкунии асосҳои саводи молиявӣ;
-
Омӯзиши малакаҳои кор бо техникаи муосири компютерӣ.
Сарфи назар аз мушкилиҳо, ташкилот тавонист курсҳои омӯзиши амиқи забони англисиро роҳандозӣ намояд. Агар соли 2016 танҳо 1 гурӯҳи омӯзишӣ бо 17 нафар дар хонаи шахсӣ фаъолият мекард, имрӯз 54 гурӯҳ бо фарогирии 2144 нафар дар ноҳияҳои Рӯшон, Дарвоз, Ванҷ ва Шуғнон амал мекунанд.
Яке аз дастовардҳои муҳими ТҶ «Ҷуръат» таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби мутахассисони бекор ба фаъолият мебошад. Айни замон дар ҳайати омӯзгорон 56 нафар мутахассиси баландихтисос фаъолият доранд, ки 48 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.
Барои ташкили босамари раванди таълимӣ ташкилот бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, соҳибкорон ва дигар шарикон ҳамкорӣ ба роҳ мондааст. Муносибатҳои мутақобилан судманд бо Шуъбаи пуштибонии ноилшавии УЦА дар масъалаҳои гуногуни рушди маориф низ самти муҳими фаъолияти ташкилотро ташкил медиҳанд.